Хабарҳо

Кормандони филиали №42 минтақаи Бохтари КВД БА ҶТ «Амонатбонк » соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд.
09 сентябр 2023

Кормандони филиали №42 минтақаи Бохтари КВД БА ҶТ «Амонатбонк » соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд.

Дар рӯзи гиромидошт аз Истиқлоли давлатӣ дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар  бинои филиали рақами 42- юми КВД  БА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.


  Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
05 сентябр 2023

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки роҳбарият, ҳайати кормандон ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло,  шоири халқии Тоҷикистон  Муҳаммад Ғоиб ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.


Тамошои намоишномаи театрӣ аз ҷониби кормандони Амонатбонк
22 август 2023

Тамошои намоишномаи театрӣ аз ҷониби кормандони Амонатбонк

Театр воқеан мактаби бузург аст ва ҳар як намоиши он китоби зиндаву гӯё, андарзу сабақи рӯзгор мебошад, ки тамошобинонро ба сӯи некиву ҳақиқат, садоқату муҳаббат, инсондӯстиву ватанхоҳӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ ҳидоят намуда, дар тарбияи маънавӣ, сиёсӣ ва эстетикии ҳар фард нақши калон дорад.


Дар ВМКБ оид ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷаласа баргузор гардид.
22 август 2023

Дар ВМКБ оид ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷаласа баргузор гардид.

Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз ҷониби ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи Раиси Раёсати “Амонатбонк” Юсупов Б.Г., бо кормандони филиалҳои КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар ВМКБ вохурӣ гузаронида шуд.


Тренинги омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаи роҳбарии занону бонувон.
17 август 2023

Тренинги омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаи роҳбарии занону бонувон.

Санаи 17-уми августи соли ҷорӣ дар бинои асосии КВД БА ҶТ “Амонатбонк”  бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ дар асоси нақшаи амали “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳи 2023-2030” баргузор гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк